798
Тоҷикӣ
-
Тамизкунанда ҳангоми кор дуд ё бӯйи сӯзишро
мебарорад.
Шарҳ: Нурҳои ултрабунафш метавонанд ба чашм ва
пӯсти инсон зарар расонанд. Ин дастгоҳ бояд ҳамеша
аз дастрасии кӯдакон дур нигоҳ дошта шавад.
1 Пас аз дандоншӯӣ, сараки чӯткаро бо об шӯед ва
оби боқимондаро афшонед.
Диққат: Вақте ки сараки чӯтка дар
тамизкунанда тоза мешавад, мутмаин
шавед, ки сарпӯши сараки чӯтка аз сараки
чӯтка гирифта шудааст.
2 Дар болои тамизкунанда, ангушти худро ба
чуқурии дарича ҷойгир карда, даричаро кушоед.
3 Сараки чӯткаро ба яке аз 2 мехчаи тамизкунанда
бо чӯткаҳо рӯяш ба чароғ нигаронида, ҷойгир
кунед.
Шарҳ: Танҳо саракҳои чӯткаи дандоншӯии
ҷудошавандаи «Philips Sonicare»-ро дар
тамизкунанда тоза намоед.
Шарҳ: Саракҳои чӯткаи дандоншӯии «Philips
Sonicare for Kids»-ро дар тамизкунанда тоза
накунед.
4 Мутмаин шавед, ки тамизкунанда ба барқваслаки
барқдор бо шиддати қувваи мувофиқ пайваст аст.
5 Даричаро пӯшед ва тугмаи сабзранги
фаъол/хомӯшро як маротиба пахш кунед, то ки
давраи тозакунии UV интихоб карда шавад.
Шарҳ: тамизкунанда танҳо он гоҳ фаъол карда
мешавад, агар дарича комилан маҳкам шуда бошад.
Шарҳ: агар шумо ҳангоми давраи тамизкунӣ
даричаро кушоед, кори тамизкунанда қатъ карда
мешавад.