Descargar Imprimir esta página

Philips sonicare HX3601/01 Manual De Instrucciones página 518

Publicidad

Idiomas disponibles
  • ES

Idiomas disponibles

  • ESPAÑOL, página 102
518
Тоҷикӣ
-
Танҳо лавозимот ва маводи масрафии аслии
Philips-ро истифода баред. Танҳо
барқпуркунандае, ки бо маҳсулот дода мешавад,
истифода баред. Агар дода шуда бошад, танҳо
сими аслии USB ва воҳиди барқгирии USB-ро
истифода баред.
-
Дастгоҳи мазкур танҳо барои тоза кардани
дандон, милк ва забон пешбинӣ шудааст.
-
Дастгоҳи мазкур қисмҳои аз ҷониби корбар
хидматшаванда надорад. Агар дастгоҳ вайрон
шуда бошад, истифодаи онро қатъ кунед ва ба
Маркази нигоҳубини истеъмолкунандагон дар
давлати худ муроҷиат кунед. Агар сим вайрон
шуда бошад, барқпуркунандаро бо сими нав иваз
кунед.
-
Барқпуркунандаро дар берун ё дар наздикии сатҳи
тафсон истифода набаред.
-
Ҳеҷ як қисми маҳсулотро дар мошини зарфшӯӣ
тоза накунед.
-
Истифодаи чӯткаро ҳангоми сараки кӯфта ё
хамидашуда будан, қатъ кунед. Сараки чӯткаро ҳар
3 моҳ ё зудтар иваз кунед, агар нишонаҳои
фарсудашавӣ пайдо шаванд.
-
Аз тамоси мустақим бо маҳсулоте, ки дорои
равғанҳои эфирӣ ё равғани кокос мебошанд,
худдорӣ намоед. Тамос метавонад боиси канда
шудани мӯйякҳои чӯтка гардад.
-
Агар пас аз истифода хунравии аз ҳад зиёд рух
диҳад, агар хунравӣ пас аз 1 ҳафтаи истифода
идома ёбад ё агар Шумо нороҳатӣ ва дард ҳис
кунед, истифодаи дастгоҳро қатъ кунед ва ба
духтури дандон муроҷиат кунед.
-
Агар Шумо дар давоми 2 моҳи пеш ҷарроҳии
даҳон ё милки дандон дошта бошед, пеш аз
истифодаи ин асбоб бо духтури дандон машварат
кунед.
-
Агар Шумо кардиостимулятор ё дигар дастгоҳи
имплантатсияшуда дошта бошед, пеш аз истифода
ба духтур ё истеҳсолкунандаи дастгоҳи
имплантатсияшуда муроҷиат кунед.

Publicidad

loading