Descargar Imprimir esta página

Philips sonicare 3000 Serie Manual Del Usuario página 512

Ocultar thumbs Ver también para sonicare 3000 Serie:

Publicidad

Idiomas disponibles
  • ES

Idiomas disponibles

  • ESPAÑOL, página 99
512
Тоҷикӣ
Барқпуркунӣ ва ҳолати батарея
7 Пас аз анҷом додани давраи дандоншӯӣ, шумо
метавонед вақти иловагиро барои тоза кардани
сатҳи хояндаи дандонҳо ва ҷойҳое, ки дар он
доғҳо пайдо мешаванд, сарф кунед. Шумо
инчунин метавонед ба таври дилхоҳ забони худро
бо чӯткаи дандoншӯии фаъол ё ғайрифаъолшуда
тоза кунед.
Чӯткаи дандоншӯии «Philips Sonicare» барои
истифода дар брекетҳо (лифҳои чӯтка ҳангоми
истифода дар брекетҳо тез фарсуда мешаванд) ва
таъмири дандонҳо (пломбаҳо, ғилофакҳо,
винирҳо) бехатар аст, агар онҳо ба таври дуруст
гузошта шудаанд ва вайроншуда намебошанд.
Агар ягон мушкилӣ ба миён ояд, лутфан, аз
дандонпизишк маслиҳат гиред.
Шарҳ: Вақте ки чӯткаи дандоншӯии «Philips Sonicare»
дар таҳқиқоти клиникӣ истифода мешавад, дастаки
чӯтка бояд дап реҷаи тоза истифода шавад ва дорои
заряди пурра бошад ва хусусияти «EasyStart» бояд
хомӯш шуда бошад.
1 Сими барқпуркунандаи USB-ро ба адаптери
деворӣ васл карда, адаптери девориро ба
барқваслак бо манбаи барқ васл кунед.
2 Дастакро ба барқпуркунанда ҷойгир кунед.
Шарҳ: Дастаки чӯтка барои тасдиқ кардани он, ки
чӯтка дар пуркунандаи барқ ба таври дуруст ҷойгир
карда шудааст ва заряд гирифта истоддаст 2 сигнали
кӯтоҳ медиҳад.
Шарҳ: Ин чӯткаи дандоншӯии «Philips Sonicare»
ақаллан барои таъмини 28 ҷаласаи дандоншӯӣ
барномарезӣ карда шудааст ва ҳар як ҷаласа 2 дақиқа
давом мекунад (14 рӯз мегирад, агар ҳар рӯз ду
маротиба дандоншӯӣ кунед). Вақте ки шумо ҷаласаи
дандоншӯии 2-дақиқаро иҷро мекунед, дастакро ба
реҷаи таваққуф мемонед ё онро бо барқ пур мекунед,
нишондиҳандаи сатҳи заряди батарея вазъияти
батареяро нишон медиҳад.

Publicidad

loading

Este manual también es adecuado para:

Sonicare 4000 serie